Пайвандони тоҷиконе, ки дар Қирғизистон зиндонӣ шуданд, интизори бекор кардани ҳукманд

Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрели соли 2021 аз сӯи Қирғизистон аввал ба ҳукми абад маҳкум ва баъдан ба 20 соли зиндон иваз карда шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардиданд, аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Лайлакро бекор ва онҳоро  озод намояд. Наргис Ҷабборова, ҳамсари […]

Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрели соли 2021 аз сӯи Қирғизистон аввал ба ҳукми абад маҳкум ва баъдан ба 20 соли зиндон иваз карда шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардиданд, аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Лайлакро бекор ва онҳоро  озод намояд.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 29-уми декабри соли соли 2022 дар зиндон бо шавҳараш вохӯрд ва ӯ гуфтааст,  ки рӯзи 12-уми декабр барои додхоҳӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ариза навиштааст.

Ӯ афзуд, ҳамчунин дар додгоҳ бо аризаи шавҳараш шинос шуд ва онҳо ваъда карданд, ки он баррасӣ ва баъди як моҳ, яъне 12-уми январ, натиҷааш аниқ хоҳад шуд.

"Шавҳарам ва ҳамроҳашро бояд афв кунанд. Дар Додгоҳи олӣ аризаи шавҳарамро ба ман нишон доданд ва гуфтанд, бар асоси парвандае, ки Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳукми худро баровардааст, баррасӣ мешавад. Мо қаблан парвандаро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда будем”, – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, бо вуҷуди гузаштани муҳлат, ду рӯз аст, кушиш мекунад, натиҷаи аризаро аз Додгоҳи олӣ маълум кунад, вале муваффақ намешавад. Рақами телефоне, ки барои ӯ доданд, то аз натиҷаи қарори додгоҳ огоҳ шавад, касе посух намедиҳад.

“Дарёфти посух аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Онҳо ба муроҷиати пайвастаи мо посух намедиҳанд”, – гуфтааст ӯ.

Вале як манбаи Радиои Озодӣ аз ин ниҳод гуфтааст, “қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов баррасӣ мешавад. Онҳо гуфтаанд, гуноҳ надоранд ва бояд раҳо карда шаванд". Ӯ аз шарҳи бештари парванда худдорӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов 14-уми сентябри соли 2021 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ҳукми абад маҳкум шуда буданд. Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз ҳаводиси охири моҳи апрели соли 2021 бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" айбдор карда буд, вале пайвандонашон аз ин ҳукм розӣ набуданд ва ба бегуноҳии онҳо пофишорӣ намуданд.

Баъдан бо пофишории Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар мурофиаи 6-уми декабри соли 2021 ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд. Дертар онҳо барои идомаи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.

Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони Абдурозиқ Қаҳҳоров акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Аскар Юнусовро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд. Хешовандони маҳкумшудагон мегӯянд, ин иттиҳом асос надорад ва муҳокима ҳам дар ноҳияи Лайлак ноодилона ва дар шароити мармуз гузашт.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва то баҳори соли 2021 дар деҳаи Борбодуки вилояти Бодканди Қирғизистон мезистанд. 

Абдурозиқ Қаҳҳорови 41-сола дар гузашта 12 сол дар мактаб-интернат аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медод ва чаҳор соли охир дар хатсайри №66 “Хистеварз-Гулистон” ронандагӣ мекард ва дар рӯзҳои муноқишаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар кор буд.

Боздошти Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Дар ин муноқиша аз ҳар ду тараф зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 кас осеб диданд. Қирғизистон пас аз муноқиша сарҳадашро пурра ба рӯйи Тоҷикистон баст ва  чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошту зиндонӣ ва баъзеашонро озод кард.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон боздошту зиндонӣ кардани шаҳрвандони Қирғизистонро тасдиқ накардааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки чанд шаҳрванди ин кишвар аз сӯи Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.