Боздошти тоҷикистониён дар Эрон ба гумони даст доштан дар терроризм

Бино ба иттилои ВАО-и Эрон, гурӯҳе, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шомил будаанд, мехостанд дар ҷануби шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир кунанд. Хадамоти махсуси Эрон дар бораи маҳви ду гурӯҳи алоқаманд ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки ният доштаанд дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир намоянд, хабар доданд. Тавре ки хабаргузории […]

Asia-Plus

Бино ба иттилои ВАО-и Эрон, гурӯҳе, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шомил будаанд, мехостанд дар ҷануби шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир кунанд.

Хадамоти махсуси Эрон дар бораи маҳви ду гурӯҳи алоқаманд ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки ният доштаанд дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир намоянд, хабар доданд.

Тавре ки хабаргузории “Меҳр” иттилоъ медиҳад, байни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд.

“Бо анҷоми амалҳои террористӣ онҳо мақсад доштанд, ки вазъиятро дар минтақаи ҷанубу шарқи Сиистон ва Балуҷистон ноором созанд”, – зикр мешавад дар изҳороти Раёсати иктишофи вилоят.

Гуфта мешавад, “гурӯҳҳо аз намояндагони шабакаҳои минтақавӣ дар кишварҳои ғарб ва арабӣ, инчунин Исроил фармоишҳо гирифта”, шаҳрвандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳҳо будаанд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳо гаравгон гирифтани шаҳрвандон ва тоҷирони хориҷӣ дар Чобаҳор буд. Эътирофҳои аъзои ин гурӯҳҳо, ки шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд, нишон медиҳад, ки онҳо нақшаҳои густурдаи ноором кардани вазъият дар ҷанубу шарқи кишварро доштаанд.

Дар бораи шумори шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ дода намешавад.

Ахиран Эрон бори дуюм аст, ки аз гумонбарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба терроризм хабар медиҳад. Рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ба навиштаи расонаҳои эронӣ 15 кушта ва 20 захмӣ дар пай дошт. 7-уми ноябр нашрияи "Ассошиэйтед Пресс" бо такя ба “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, “шахси ҳамлагар шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

Ин расона аз шаҳрванди Тоҷикистон Комрони Субҳон ном бурда, зикр кард, ки ӯ “бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне даргузашт”. Баъдтар хабаргузории эронии “Тасним” акси Комрони Субҳон ва шиносномаи тоҷикии ӯро нашр кард. Масъулияти ҳамларо он замон ДОИШ* ба зимма гирифта буд.

Он замон мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Комрони Субҳон дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.