Гӯё ба муҳтоҷон “кумак мекардааст”. Боздошти як сокини 22-солаи пойтахт барои мардумфиребӣ

Сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Беҳрузи Субҳиддин ба гумони даст доштан дар қаллобӣ тариқи интернет боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Гуфта мешавад, дастгиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, ба мардумфиребӣ машғул гардидааст. “Номбурда тавассути ин саҳифаҳои қалбакии худ бо нашр намудани эълонҳои дурӯғин, ки гӯё ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Беҳрузи Субҳиддин ба гумони даст доштан дар қаллобӣ тариқи интернет боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Гуфта мешавад, дастгиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, ба мардумфиребӣ машғул гардидааст.

“Номбурда тавассути ин саҳифаҳои қалбакии худ бо нашр намудани эълонҳои дурӯғин, ки гӯё ба афроди ниёзманд кумак мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда, барои ба онҳо расонидани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон ворид намудан, маблағҳои гуногун талаб намуда гирифтааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

“Солиҳин-ТВ” шабака (канал)-е мебошад, ки дар он наворҳо дар бораи корҳои хайр, аз қабили ба ниёзмандон ҳадя кардани хона, пардохти маблағи муолиҷаи беморон ва ғайра нашр мешавад. Дар гузоришҳое, ки ҷавон расонидани кумакҳои гуногунро наворбардорӣ мекунад, рӯи худаш нишон дода намешавад ва ба ин тариқ шинохта намешавад.

“Дар саҳифаҳои худ ӯ дар бораи ҷамъоварии пул гӯё барои эҳтиёҷмандон эълонҳо нашр намуда, ҳамчунин аз худи гирандагони ёрӣ низ барои “илова кардан ба рӯйхати ниёзмандон” маблағи муайяне мегирифтааст”, – зикр мекунанд дар Раёсат.

Ба иттилои манбаъ, Беҳрузи Субҳиддин дар заминаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон боздошт шудааст.

Айни замон аз ҷониби кормандони милитсия зиёда аз 20-ҳолати бо чунин шакл фиреб додани шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки номбурда ба ҳар яке аз шаҳрвандон аз 800 то 2-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Зикр мегардад, ки баъд аз гирифтани маблағҳои пулии шаҳрвандон дигар ба зангҳои онҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомӯш мекардааст.

Ҳоло, нисбати Беҳрӯзи Субҳиддин тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Аз шаҳрвандон низ хоҳиш шудааст, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.