Манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Қазоқистон. Ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Қазоқистон содироти навъҳои бештар серталаби маҳсулоти нафтиро ба муддати чор моҳ тариқи ҳама гуна воситаи нақлиёт манъ мекунад, хабар медиҳад Zakon.kz.

Дар фармони муштараки вазорату идораҳои дахлдор «Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон» содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ, ба истиснои равғанҳои молиданӣ, сӯзишвории моеъ, сӯзишвории авиатсионӣ барои баргузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин интиқол дар зарфҳои бензин (бензобакҳо)-и аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи нақлиёт пешбинишуда манъ мешавад.

Фармони муштарак бо анҷоми 10 рӯзи тақвимӣ пас аз рӯзи аввали нашри расмии он мавриди амал қарор мегирад.

Қаблан, 20 январ ҳукумати Қазоқистон муҳлати манъи содироти маҳсулоти дар боло зикршударо тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муҳлати ним сол дароз кард.

Манъи содироти ин маҳсулот ба масоили таъмини бозори дохилӣ бо маводи сӯзишворӣ ва равғанҳо молиданӣ вобаста дониста шуд.

Манъи аввал ба содироти чунин маҳсулоти нафтӣ рӯзи 12 июли соли гузашта муқаррар шуда буд.

Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Манъи содироти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон вазъ дар бозори дохилии чаканаи Тоҷикистонро начандон тағйир дода метавонад.

Гап сари он аст, ки ҳудуди 90%-и бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон аз Русия тариқи имтиёз (аз соли 2013 бидуни пардохти боҷи содироти гумрукӣ) интиқол дода мешавад.

Чанде пеш Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дод, ки соли равон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия тариқи имтиёз зиёд шудааст.

Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон асосан гази моеъ оварда мешавад, ки зиёда аз 84%-и воридот ба он рост меояд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, аз ҷумла 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 320 ҳазр тонна бензин, 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ ва ғайра.

Дар муқоиса бо соли 2021 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар соли гузашта 14% ё худ 154 ҳазор тонна афзуд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисорӣ, нархи воридоти бензин дар соли гузашта 30% ва гази моеъ – 20,1% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, қариб 12% боло рафт.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2022 нархи чаканаи бензин 27,9% ва гази моеъ – 27,3% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, 11,9% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...