Хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба Урумчӣ алҳол ҳафтае 1 маротиба. То моҳи март

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дирӯз, 8 феврал парвози аввалинро аз Душанбе ба Урумчӣ пас аз танаффуси сесола анҷом дод. Ба ҳавопаймо аз Душанбе 30 нафар мусофирон билет гирифта, бо ҳамин ҳавопаймо 34 нафар мусофирон ба Душанбе омаданд, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ. Зикр шуд, ки парвоз бо ин хатсайр ҳафтае 1 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дирӯз, 8 феврал парвози аввалинро аз Душанбе ба Урумчӣ пас аз танаффуси сесола анҷом дод.

Ба ҳавопаймо аз Душанбе 30 нафар мусофирон билет гирифта, бо ҳамин ҳавопаймо 34 нафар мусофирон ба Душанбе омаданд, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Зикр шуд, ки парвоз бо ин хатсайр ҳафтае 1 маротиба рӯзи чоршанбе тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 737-900 муқаррар шудааст.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Урумчӣ – соати 12:00 ва аз Урумчӣ- соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз 2,5 соатро дар бар мегирад.

“Аз нимаи аввали моҳи март ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки ба Урумчӣ дар як ҳафта 2 парвоз иҷро кунад”, – зикр мешавад дар хабар.

Билетҳо дар фурӯшанд

Дар нуқтаи фурӯш (касса)-и ширкат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки парвози наздиктарин бо ин хатсайр рӯзи 15 феврал дар назар аст. Билет аз Душанбе 9025 сомонӣ нарх дорад. Нархи билети парвоз аз Урумчӣ ба пойтахти Тоҷикистон дар рӯзи 22 феврал – 8043 сомониро ташкил медиҳад.

Нархи билети “рафтуомад” ба 17068 сомонӣ баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зикр карда буд, ки талаботи мусофиронро дар самти Душанбе-Урумчӣ 6 парвоз дар як ҳафта қонеъ карда метавонад.

Имрӯз ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекисон парвозҳо анҷом медиҳад.

Ширкат ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-800 ва -900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.