Ҷаримаи даҳҳо тоҷир. Соҳибкорон пеш аз фаъолият аз ташхиси забоншиносӣ мегузаранд

Соли гузашта даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон то 1 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон хабар дод. Номбурда гуфт, аз ҳисоби 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки бештари онҳо алайҳи соҳибкорон-моликони мағозаву фурӯшгоҳҳо ва марказҳои хидматрасонӣ ва савдо бозшуда […]

Соли гузашта даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон то 1 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда гуфт, аз ҳисоби 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки бештари онҳо алайҳи соҳибкорон-моликони мағозаву фурӯшгоҳҳо ва марказҳои хидматрасонӣ ва савдо бозшуда буданд, 62 ҳазору 254 сомонӣ ба буҷеи давлат рӯёнида шуд. Беш аз 5,5 ҳазор сомонии дигар дар ҳоли рӯёндан аст.

Бояд гуфт, барои риоя накардани қонун дар бораи забони давлатӣ моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») ҷарима таъин кардааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда мебошад.

Раиси Кумитаи забон нагуфт, ки мушаххасан чанд соҳибкор ва барои кадом хатогӣ ҷарима шудаанд ва танҳо гуфт, шумораи тоҷирон ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ барои риоя нагардидани қонуни забон нисбат ба соли 2021-ум камтар шудааст.

“Кумитаи забон касеро шахсан ҷарима намекунад. Мо дар якҷоягӣ бо масъулин санҷиш мегузаронем, дар аввал як моҳ муҳлат медиҳем, дар сурати ислоҳ нашудан парванда тартиб дода ба мақомоти қудратӣ, махсусан додситонӣ пешниҳод мекунем. Мақомоти додгоҳӣ ҷарима мекунанд”, – шарҳ дод Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Раиси Кумитаи забон иқрор кард, ки дар кишвар ҳолати зиёди нақзи қонуни забон ҷой дорад, ҳарчанд нисбат ба солҳои пешин камтар шудааст.

Аввал хулосаи забоншиносӣ, баъд тиҷорат

Ӯ гуфт,барои ислоҳи вазъ дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки соҳибкороне, ки дӯкону фурӯшгоҳ ва ё марказҳои хидматрасонӣ боз мекунанд, пеш аз ба қайди давлатӣ гузаштан хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳотро дастрас кунанд.

Ба таъкиди ӯ, қоидаи мазкур барои аз байн бурдани ғалатҳо дар номгузории мағозаву марказҳои тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуда, аллакай роҳандӣ гардидааст.

Ӯ сабаби номгузории ғалатро дар мағозаву марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҳисси пасти ватандӯстӣ донист ва гуфт “санҷиш гузаронида ислоҳ мекунем, вале вақте молик ё роҳбари он нав мешавад, дубора бо номи ғалат ба фаъолият оғоз мекунанд”.

“Аз ин сабаб, Кумитаи забон ва истилоҳот ва Кумитаи андоз ҳамкорӣ карда, ба хулосае омадаанд, ки минбаъд соҳибкор пеш аз қайди расмии фаъолияти тиҷоратии худ, бояд аз Кумитаи забон ва истилоҳот хулосаи забоншиносӣ дастрас намояд”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба иттилои номбурда онҳо ҳамчунин, дар 43 ниҳоди давлатӣ санҷиш гузаронида, ҳолати нақзи Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикиро ошкор карда, барои ислоҳи камбудӣ ва чораҷӯиҳо ба додситонӣ санади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардаанд. Маълум нест, ки дар ин асос касеро ҷарима кардаанд ё не.

Вай афзуд, санадҳои соҳибкорон, ки ба равзанаи ягонаи Кумитаи андоз пешниҳод мешавад, ҷанбаи мутобиқаташон бо меъёрҳои забони давлатӣ аввал дар Кумитаи забон ва истилоҳот аз ташхис гузаронида мешаванд.

“Нақзи қонуни забон камтар аст, вале қоидаҳои нави имлои забони тоҷикро риоя намекунанд. Бештар аз рӯи қоидаҳои имлои куҳнаи забони тоҷикӣ, ки соли 2011 қабул шуда буд, корбарӣ мекунанд”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ғалат навиштан ё риоя накардани қонуни забони давлатӣ дар дӯкону мағозаҳо асосан дар шаҳрҳо, аз ҷумла дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ба назар мерасад. 

Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 қабул шуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ ва забони расмии коргузории кишвар муқаррар кард. Вале мақомот пайваста аз мавридҳои вайрон кардани қонуни забон ва ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон, махсусан соҳибкорон ва мансабдорон хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.