Кумитаи замин: “Замини Тоҷикистон 50 млн нафарро хӯронда метавонад”

Бо вуҷуди хеле кам будани заминҳои обёришаванда барои ҳар сари аҳолии Тоҷикистон – тақрибан 0,06 гектар, онҳо имкон доранд, ки аҳолии на камтар аз 50 млн нафарро бо ғизо таъмин кунанд, изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода рӯзи 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе. Ба гуфтаи ӯ, ин […]

Бо вуҷуди хеле кам будани заминҳои обёришаванда барои ҳар сари аҳолии Тоҷикистон – тақрибан 0,06 гектар, онҳо имкон доранд, ки аҳолии на камтар аз 50 млн нафарро бо ғизо таъмин кунанд, изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода рӯзи 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, ин захираҳои замин барои пурра таъмин намудани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ барзиёд кифоя аст.

“Зарурати воридоти баъзе навъҳои озуқа, масалан, равғани растанӣ боқӣ мемонад, – гуфт раиси Кумита. — Аммо агар кишти зироатҳои равғандор зиёд шудаву барои истеҳсоли равғани растанӣ корхонаҳои нав сохта шаванд, ин масъала ҳам роҳи ҳалли худро меёбад”.

Хоҷазода зикр кард, ки барои бештар ҳосилхез шудани заминҳои Тоҷикистон, бояд ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ – кооперативҳо, кишоварзон, моликони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ муносибати худро ба замин ба куллӣ тағйир диҳанд.

Масалан, ба воситаи ҷорисозии технологияи муосири кишт ва коркарди замин, ба гардиш даровардани заминҳои истифоданашуда ва бекорхобидаи кишоварзӣ, истифода кардани обёрии қатрагӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порчаи замин, гирифтани ду-се ҳосил бо роҳи кишти такрорӣ.

Ба сифати истифодаи оқилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ Хоҷазода кори баъзе хонаводаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшанро мисол овард.

“Онҳо оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, тобистон дар полезҳои худ истифода мебаранд ва дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша бо помидору бодиринг, картошкаву кабудӣ ва дигар сабзавоти худӣ таъмин аст”, – иброз дошт раиси Кумита.

Дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон 49,2%-и заминҳо таъиноти кишоварзӣ дошта, аз он ҳамагӣ 10%-аш обёришаванда аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар Тоҷикистон барои ҳосили аввали ғалла, картошка, сабзавот, хӯроки чорво ва растаниҳои саноатӣ зиёда аз 605 ҳазор гектар замин кишт мешавад. Пас аз ҷамъоварии ҳосили якум ба ҷойи онҳо кишти такрории шолӣ, ҷуворимакка, навъҳои дерпази сабзавот гузаронида шуда, ба ин васила дар як сол ду ҳосил мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.