Ширкати China Road ба бунёди зерсохтори роҳҳои мошингард дар ВМКБ уҳдадор шуд

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «China Road and Bridge Corporation»-и Чин дар бораи сохтмони роҳу пулҳо дар қаламрави ВМКБ қарордод ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ. Қарордод чанде пеш, рӯзи 27 март дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» имзо шуд. Ширкати Чин […]

Asia-Plus

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «China Road and Bridge Corporation»-и Чин дар бораи сохтмони роҳу пулҳо дар қаламрави ВМКБ қарордод ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Қарордод чанде пеш, рӯзи 27 март дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» имзо шуд.

Ширкати Чин ба сохтмони пул дар Хоруғ аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ва  роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр уҳдадор шуд.

Ғайр аз ин, дар қарордод сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км тариқи қаламрави деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии  550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, арзиши умумии амалисозии лоиҳа 31, 2 млн долларро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.

Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.