Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба тақвияти масъулияти табибон тағйирот ворид карда шуд

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» баррасӣ шуд. Ба иттилои торнамои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» баррасӣ шуд.

Ба иттилои торнамои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйирот, аз ҷумла ба масъалаҳои таъйин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббию профилактикӣ дахл дорад.

Дар тағйирот барои додани варақаи корношоямии муваққатии қалбакӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Лекин маҳз чӣ гуна ҷавобгарӣ, зикр намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.