Давоми 5 сол ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 млн доллар равона мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориро дар ҳаҷми ҳудуди 113 млн сомонӣ (зиёда аз 10,3 млн доллар) ба Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ кардааст. Бо ин мақсад маблағгузорӣ, аз ҷумла пешбинӣ шудааст: зиёда аз 19,1 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, 86,8 млн сомонӣ – аз ҳисоби маблағҳои шарикон […]

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориро дар ҳаҷми ҳудуди 113 млн сомонӣ (зиёда аз 10,3 млн доллар) ба Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ кардааст.

Бо ин мақсад маблағгузорӣ, аз ҷумла пешбинӣ шудааст:

зиёда аз 19,1 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ,

86,8 млн сомонӣ – аз ҳисоби маблағҳои шарикон оид ба рушд,

7 млн сомонӣ – аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ.

Аз маблағи умумӣ барои амалисозии нақшаи амали Барномаи дар се соли аввал ҳудуди 68 млн сомонӣ равона мегардад.

Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар ҶТ барои солҳои 2023-2027 бо қарори ҳукумат аз 1 марти соли равон қабул шуд.

Маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?

Ҳадафи таҳияи Барномаи мазкур “таъмини шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир намудани онҳо ва фаъолнокии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” унвон мешавад.

Дар Барнома иҷрои вазифаҳои гуногун барои рушди бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:

– амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ;

– мунтазам коҳишдиҳии сарбории андоз барои бахши хусусӣ;

– ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пурзӯр кардани идоракунии дастаҷамъӣ (корпоративӣ);

– ташкил ва рушди механизмҳои самараноки ҷалби маблағҳо;

– таъсиси инфрасохтори муосири дастгирии бахши хусусӣ;

– такмили қонунгузорӣ бо мақсади суръатбахшии рушди соҳибкорӣ;

– баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон;

– таъмини рақобати солим дар иқтисодиёти миллӣ;

– коҳиш додани шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ;

– пурзӯрнамоии мубориза ба коррупсия ва омилҳои бавуҷудоварандаи он;

– содагардонии расмиётҳо оид ба пешниҳоди имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;

– такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон;

– пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ё ҷуброни фарқияти меъёрҳои фоизи бозории қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

– мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мукаммал намудани механизмҳои ба ҷараёни муфлисшавӣ алоқаманд;

– тақвияти назорати гумрукӣ ҳангоми воридот ва содироти молу маҳсулот;

– баланд бардоштан ва устуворсозии эътимоди аҳолӣ ба фондҳои суғурта, нафақа ва сармоягузорӣ;

– баланд бардоштани донишҳои иқтисодию молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони ватанӣ.

“Сарбории каме баланди андоз” ва дигар мушкилот

Дар Барнома зикр мешавад, ки дар баробари натиҷаҳои бадастовардашуда дар рушди бахши хусусӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд доранд. Аз ҷумла:

– мавҷуд будани мураккабии маъмурикунонии андоз ва сарбории начандон баланди андозӣ назар ба давлатҳои минтақа барои фаъолияти соҳибкорӣ;

– таъсирбахшии нокифояи механизмҳои дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ;

– монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ;

– мавҷуд будани назорату санҷишҳои барзиёди фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ;

– рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла инфрасохтори молиявӣ, таълимӣ ва машваратӣ;

– мураккабии бархурдорӣ ва баҳрамандгардӣ аз имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;

– сатҳи нокифояи ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла рушд наёфтани хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

– меъёрҳои фоизии баланди қарзҳои бонкӣ ва рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат;

– мавҷуд набудани фондҳои давлатии қарздиҳӣ ва кафолатӣ;

– ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани механизми ҳалли масъалаҳои муфлисшавӣ;

– сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.