Ҳудуди 100 фаластинӣ дар задухӯрд дар масҷиди Ал-Ақсо маҷрӯҳ шуданд

Рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми апрел, бар асари задухӯрд бо пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳудуди 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ин рейд беш аз 400 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС  бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Mayadeen хабар медиҳад. Қаблан хабаргузории WAFA бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки […]

Рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми апрел, бар асари задухӯрд бо пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳудуди 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ин рейд беш аз 400 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС  бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Mayadeen хабар медиҳад.

Қаблан хабаргузории WAFA бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки нерӯҳои исроилӣ шоми сешанбе бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо вориди масҷид шудаанд.

“Ба гуфтаи Ҳилоли Аҳмари Фаластин, пулис аз расидани пизишкон ба ҷойи ҳодиса монеъ шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе аз партоби нӯҳ мушак аз навори Ғазза ба Исроил хабар дод, ки яке аз онҳо ба корхонае дар шаҳри Сдерот бархӯрдааст.

Вазоратхои корхои хориҷии Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ амали Исроилро қатъиян маҳкум кардаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки масҷиди Ал-Ақсо дар шаҳри Байтулмуқаддас барои мусалмонон макони муқаддас дониста шуда, барои ворид шудан ба он ва намоз гузоштан дар он пайваста аз ҷониби нурӯҳои қудратии Исроил бо ҳар баҳона монеаҳо эҷод мегардад. Ин ҳама монеагузориҳо тазоҳуроту задухӯрдро ба миён меорад, ки дар пай захмиву ҳатто баъзан кушта низ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.