Ҳалокати 22 нафар бар асари ҳодисаҳои фавқулода дар Суғд

Давоми 3 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд 157 ҳодисаи  фавқулодаи  хусусияти  гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки  бар асари он 22 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар бошад, беш аз 5,7 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ба “Азия – Плюс” иттилоъ доданд. “Дар ин давра […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Давоми 3 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд 157 ҳодисаи  фавқулодаи  хусусияти  гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки  бар асари он 22 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар бошад, беш аз 5,7 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ба “Азия – Плюс” иттилоъ доданд.

“Дар ин давра асосан дар натиҷаи ду ҳодисаи табиии фавқулода дар вилоят хисороти калон ба қайд гирифта шуд. Яке фаромадани тарма санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар километри 157-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мебошад, ки дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расида 1 нафар ҷароҳат бардоштанд ва дигаре заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод. 

Тибқи иттилои масъулин бар асари заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ, ки санаи 23- уми марти соли равон  соати 01:07 дақиқа ба вуқӯъ пайваста буд, 319 – хона зарар дида,  4 хона пурра ва 53 хонаи дигар қисман хароб гаштаанд. Аз ҷумла, 330 иншооти ёрирасон, 2 муассисаҳои соҳаи маориф, 1 муассисаи  тиббӣ, 75 км роҳҳои маҳаллӣ,  910 метр хатти интиқоли нерӯи барқ, 1,8 км хатҳои обёрикунанда, 2 иншооти хоҷагии халқ ва 39 сар чорво  нобуд гаштааст. Маблағи умумии хисорот 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомониро ташкил додааст.

Бояд гуфт, ки дар се моҳи аввали соли 2022, 144 ҳодисаҳои фавқулода ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷаи он 43 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар ба беш аз 4 миллиону 450 ҳазор сомонӣ баробар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.