Иштироки 9 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки рӯзҳои 7-14 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор мешавад, эълон кард. Мутобиқи регламенти чемпионат, дар он ҷудокороне иштирок карда метавонанд, ки то 3 апрел дар сафи ТОП-100-и радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон инҳо шомил шудаанд: Эмомалӣ Нуралӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки рӯзҳои 7-14 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор мешавад, эълон кард.

Мутобиқи регламенти чемпионат, дар он ҷудокороне иштирок карда метавонанд, ки то 3 апрел дар сафи ТОП-100-и радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон инҳо шомил шудаанд:

Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду- 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 90 кг), Абӯбакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), фонди ҷоизавии чемпионат 1 млн евроро ташкил дода, дар мусобиқаҳои инфиродӣ барои ишғоли зинаи 1-ум 25 ҳазор евро, зинаи 2-юм – 15 ҳазор евро ва зинаи 3-юм (2 нафар) – 8 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар мусобиқаҳои даставӣ барои зинаи 1-ум 90 ҳазор евро, зинаи 2-юм – 60 ҳазор евро ва зинаи 3-юм – 25 ҳазор евро мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳар кадоме аз иштирокчиёни чемпионати ҷаҳон дар ҳисобҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ ба 20 хол соҳиб мешавад. Ғолибон 2000 хол, зинаҳои 2-юм – 1400 хол ва зинаҳои 3-юм – 1000 хол гирифта метавонанд.

Чемпионати ҷудои ҷаҳон аз 7 то 14 майи соли 2023 дар толори “Алӣ Бин Ҳамад ал-Аттия” дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад.

Чемпионатҳои ҷудои ҷаҳон аз соли 1956 гузаронида шуда, дар аввал мардон ва занон дар ҷойҳои гуногун рақобат мекарданд. Аз соли 1987 чемпионатҳои ҷудои ҷаҳон дар доираи як мусобиқа баргузор мешаванд.

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон мунтахаби Тоҷикистон баъди ба соҳибистиқлолӣ расидан иштирок мекунад. То ин дам ҷудокорони тоҷик ҳамагӣ як медал ба даст оварданд: соли 2007 дар Рио-де-Жанейро Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.