Ҳушдори ҳавошиносон аз чангу ғубор. Тавсияҳо ба беморон ва барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки шабонарӯзи оянда дар бархе минтақаҳои кишвар ифлосшавии атмосфера, аз ҷумла  чангу ғубор дар назар аст. Ба иттилои Кумита, дар ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷануб, марказии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҷануби […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки шабонарӯзи оянда дар бархе минтақаҳои кишвар ифлосшавии атмосфера, аз ҷумла  чангу ғубор дар назар аст.

Ба иттилои Кумита, дар ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷануб, марказии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҷануби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чангу ғубор дар назар аст.

Ба таъкиди манбаъ, бо сабаби омилҳои метеорологӣ афзоиши ифлосшавии ҳавои атмосфера, аз қабили чанг, ки андозаи заррачаҳои он 10 микрон ва зарраҳои андозаи 2,5 микрон мебошад, пешгуйӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама, ба одамони гирифтори бемориҳои дил, диққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

“КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардон, равандагони роҳҳои мошингарди кӯҳӣ ва сайёҳони дучархасавор ёдовар мешавад, ки дар манотиқи кӯҳӣ техникаи бехатариро риоя намоянд, ҳамчунин масофаи таъиншуда барои ҳаракат дар чунин роҳҳо ва дар чунин обуҳаворо ҷиддан ба назар гиранд, зеро эҳтимолияти резиши санг дар чунин роҳҳо зиёд аст”, – омадааст дар тавсияҳои Кумита.

Ҳамзамон бо ин, оддитарин тавсияҳо ҳам пешниҳод шудааст, ки риояи онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:

1. Ниқоб кашидан ба рӯй;

2. Бештар оби тоза нӯшидан, на камтар аз 2-2,5 литр;

3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор истифода кардан аз ҳавополоҳо;

4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи кабуд нӯшидан;

5. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаи хонаҳо. Агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ё тӯри махсус ҳимоя кард;

6. Рӯбучин ва тозакунии намноки хона тавсия дода мешавад;

7. Табибон пӯшидани ҳама гуна айнакҳо (линзаҳо)-ро тавсия намедиҳанд.

Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд;

– кам накардани меъёри таъиншудаи доруҳо;

– ҳамеша бо худ доштани ингаляторҳо;

– агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шавад, фавран ба духтур муроҷиат кардан.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ба рақамҳои телефонҳои қисми навбатдории КҲФ занг занед:

112 ва ё 223-13-11, 93 880 28 19.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.