Расман: Иди Рамазон дар Тоҷикистон 21-уми апрел таҷлил мешавад

Иди Рамазон дар Тоҷикистон имсол 21-уми апрел таҷлил карда мешавад. Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки имрӯз, 18-уми апрел, баргузор гардид, гирифта шудааст. Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози Иди Рамазон рӯзи 21-уми апрел, соати 6:30 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон […]

Asia-Plus

Иди Рамазон дар Тоҷикистон имсол 21-уми апрел таҷлил карда мешавад. Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки имрӯз, 18-уми апрел, баргузор гардид, гирифта шудааст.

Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози Иди Рамазон рӯзи 21-уми апрел, соати 6:30 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадоранд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд ва дар ин самт худашон намуна бошанд.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Соли гузашта, моҳи Рамазон 2-юми апрел оғоз гардида, 2-юми май Иди Рамазон таҷлили гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.

Имсол дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Иди Рамазон рӯзи 21-уми апрел таҷлил мешавад. Русия ва Қазоқистон аллакай, эълон кардаанд, ки рӯзи 21-уми апрел дар ин кишварҳо Иди Рамазон таҷлил мешавад.

Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳам гуфтанд, ки тибқи ҳисоби пешакӣ Иди Рамазон 21-уми апрел таҷлил хоҳад шуд.

Туркманистон ҳоло рӯзи таҷлили иди Рамазонро эълон накардааст.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.