Дар ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон санаи эҳтимолии ҳамлаи ҷавобии Украина 30 апрел зикр шудааст

Дар ҳуҷҷатҳои Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) ва хадамоти иктишофии ин кишвар, ки дастраси умум гаштанд, санаи эҳтимолии ҳамла (ё ҳамлаи ҷавобӣ – тибқи маълумоти рӯзноманигорон, ҳарду вариант вомехӯрад)-и артиши Украина 30 апрели соли 2023 зикр шудааст, менависад Медуза. Пентагон ва хадамоти иктишоф ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар ҳамла истифодаи 9 бригада пешбинӣ мешавад. Талаботи […]

Asia-Plus

Дар ҳуҷҷатҳои Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) ва хадамоти иктишофии ин кишвар, ки дастраси умум гаштанд, санаи эҳтимолии ҳамла (ё ҳамлаи ҷавобӣ – тибқи маълумоти рӯзноманигорон, ҳарду вариант вомехӯрад)-и артиши Украина 30 апрели соли 2023 зикр шудааст, менависад Медуза.

Пентагон ва хадамоти иктишоф ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар ҳамла истифодаи 9 бригада пешбинӣ мешавад. Талаботи он ба техника аз иттифоқчиёни Украина 253 танк, 381 мошини механиконидашуда, 480 мошини дорои муҳаррик (моторишуда), 147 силоҳи артиллерӣ, инчунин 571 автомобили махсуси зиреҳпӯши Humvee арзёбӣ шуд, менависад газетаи Newsweek.

Ҳамчунин аз ҳуҷҷатҳо метавон ба хулоса расид, ки иттифоқчиёни Украина бевосита дар омодасозии низомиёни украинӣ ба ҳамла иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки таълиму омӯзиши ҷангиён қатъиян дар берун аз ҳудуди Украина гузаронида мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки бар асари ифшои ҳуҷҷатҳои махфӣ нақшаҳои Украина тағйир ёфтанд ё не.

Қаблан сардори Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина Кирилл Буданов дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони амрикоии ABC News изҳор дошт, ки ифшои маълумот ба “натиҷаҳои воқеии амалиёти ҳамла” ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намерасонад.

Аслӣ будани ҳуҷҷатҳое, ки рӯзноманигоро меомӯзанд, тасдиқ нашудааст. Коршиносон зикр мекунанд, ки ҳуҷҷатҳои ифшогардида ҳадди ақалл қисман мавриди таҳрир қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио