Вазорати нақлиёт ба беҳбуди зерсохтори роҳҳои маҳаллӣ дастур дод

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои назорати роҳҳои  автомобилгарди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки омодасозии соҳаро барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъмин намоянд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъулони соҳа ҷиҳати […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои назорати роҳҳои  автомобилгарди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки омодасозии соҳаро барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъмин намоянд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъулони соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, истифодаи дурусти  рухсатномаҳои байналмилалӣ дастур дода шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ба масъалаи пурра манъ намудани ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Тавре ки як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин самт дастур дода шуд, ки назорати иҷрои манъи қаблан ҷоришуда ба ҳаракати нақлиёти гаронвазни беш аз 40 тонна пурзӯр карда шавад, то аз вайроншавӣ ва фарсудашавии роҳҳо пешгирӣ карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати риоя накардани ин талабот, қонуншиканон мутобиқи моддаи 311-и Кодекси маъмурии кишвар сар аз 3 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шуда метавонанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки бо вуҷуди афзоиши нишондиҳандаҳои хидматрасонии нақлиёти роҳи оҳан, фарсуда ва корношоям гардидани вагонҳо ва локомотивҳо барои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” чун мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад.

Зикр шуд, ки ширкат дар ин давра 54 вагонро аз таъмири асосӣ ва 214 вагонро аз таъмири пойгоҳӣ бароварда, дар 11,9 километр роҳи оҳан  корҳои бардошту ивази релсҳоро анҷом дод.

Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани марҳилаи якуми “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҶТ барои солҳои 2023-2027” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бино ба маълумоти Вазорат, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 10,8%, гардиши бор 14,2%, мусофирбарӣ 11,3% ва гардиши мусофирон  17,6% афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра  577,3 ҳазор  воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 50248 адад нақлиёти боркаш, 15587 адад нақлиёти мусофирбар,  507661 адад нақлиёти хусусӣ, 1780 адад нақлиёти махсус ва 2036 адад мотосикл ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 23 млн. 338,6 ҳазор тонна бор ва 333,5 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио