Дар 3 моҳ Тоҷикистон содироти маҳсулотро 125 млн доллар кам кард

Дар семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 34,3 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки 125,6 млн доллар ё худ 26,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Коҳиши даромад аз содирот ба камшавии интиқоли фулузот (металлҳо) ва сангҳои гаронбаҳо ва нимқиматбаҳо (қариб ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 34,3 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки 125,6 млн доллар ё худ 26,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Коҳиши даромад аз содирот ба камшавии интиқоли фулузот (металлҳо) ва сангҳои гаронбаҳо ва нимқиматбаҳо (қариб ба маблағи 84,8 млн доллар) ва нахи пахта (39,5 млн доллар) марбут аст.

Ҳамчунин сабаби ин коҳиши содироти нахи пахта ба андозаи 50,2% маънидод мешавад. Дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳаҷми содироти ин маҳсулот 79 млн долларро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли равон – ҳамагӣ ба 39,2 млн доллар баробар шудааст.

Ғайр аз ин, содироти маҳсулоти чорводорӣ, маснуот аз санг, гач ва семент низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 27,6 млн доллар афзуда, ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расидааст.

Ба ин тариқ, тавозуни савдои кишвар манфӣ ҳосил шудааст – воридот нисбат ба содирот 890 млн доллар зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 1,6 млрд долларро ташкил додааст, ки 98 млн доллар ё худ 5,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 давлати саросари дунё савдои дуҷониба анҷом додааст.

Ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (23,7% дар савдои хориҷии ҶТ), Чин (20,8%) ва Қазоқистон (19,6%) дохиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.