Толибон боз се низомии собиқи артишро куштанд

Ҷангҷӯёни Толибон* дар вилояти Бадахшони Афғонистон се низомии собиқи артишро, ки ба масҷид барои адои намози таровеҳ мерафтанд, куштаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, исми низомиёни кушташуда Қорӣ Сомӣ, Ҳоҷӣ Идӣ ва Имодуддин будааст. Ба иттилои рӯзнома, Ҳоҷӣ Идӣ дар гузашта аз нерӯҳои шӯришии мардумии Бадахшон ва Қорӣ Сомию […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷангҷӯёни Толибон* дар вилояти Бадахшони Афғонистон се низомии собиқи артишро, ки ба масҷид барои адои намози таровеҳ мерафтанд, куштаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, исми низомиёни кушташуда Қорӣ Сомӣ, Ҳоҷӣ Идӣ ва Имодуддин будааст.

Ба иттилои рӯзнома, Ҳоҷӣ Идӣ дар гузашта аз нерӯҳои шӯришии мардумии Бадахшон ва Қорӣ Сомию Имодуддин аз артиши ҳукумати пешин будаанд.

Толибон дар Бадахшон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ин бори аввал нест, ки Толибон даст ба қатлу боздошт ва ҷустуҷӯи низомиёни ҳукумати пешини Афғонистон мезанад. Дар гузашта низ борҳо расонаҳо аз кушат шудани сарбозон ва низомиёни ҳукумати пешини ин кишвар аз сӯи Толибон, хабар дода буданд.

Мисоли рӯшан ҳамин чанд моҳ пеш ду фармондеҳи шӯриши мардумии ҳукумати пешин аз сӯи Толибон дар вулусволии Ҷарими Бадахшон ва як сарбоз дар шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят кушта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пештар роҳбари Толибон Ҳайбатуллоҳ Охунзода таъкид намуд, сарбозони артиши пешин таъқиб нашаванд.

Ахиран Носир Аҳмад Фоиқ, раиси намояндагии доимии Афғонистон дар СММ гуфта буд, ки куштори сарбозони собиқ аз сӯи Толибон идома дорад.

Бояд гуфт, ки Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон ҳамвора низомиён ва кормандони ҳукумати қаблии ин кишваррро мавриди таъқибу бозпурсӣ ва озору шиканҷа қарор медиҳанд. Ин гурӯҳ пас аз гирифтани зимоми қудрат бо судури фармоне ҳамаи афроди силоҳдорро халъи силоҳ кард, аз ҷумла муҳофизони Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро низ.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио