Шаҳрдорӣ: Як моҳ роҳбандӣ дар хиёбони Бобоҷон Ғафурови Душанбе

Сар аз имрӯз, 16-уми май, бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳо дар хиёбони Бобоҷон Ғафурови пойтахт маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои “Саодат” ҷорӣ шудааст. “Ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон расонида мешавад, […]

Asia-Plus

Сар аз имрӯз, 16-уми май, бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳо дар хиёбони Бобоҷон Ғафурови пойтахт маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои “Саодат” ҷорӣ шудааст.

“Ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон расонида мешавад, ки баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча муваққатан қатъ карда мешавад”, – менависад шаҳрдорӣ.

Бинобар гуфтаи шаҳрдории Душанбе, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи мазкур як моҳ, то 15 июн, идома мекунад.

Аз ин лиҳоз, шаҳрдории Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Бобоҷон Ғафуров истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.