Тоҷикистон ҷойи баргузории бозиҳои яке аз гурӯҳҳои марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2024

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) кишварҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, КФО 11 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст. Бозиҳои […]

Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) кишварҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, КФО 11 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12 сентябр сурат мегиранд.

“Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола рӯзи 25 май дар қароргоҳи КФО воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, з рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44 даста ба 11 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.