Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар садри радабандии ҷаҳонӣ боқӣ мемонад

Бо вуҷуди зинаи панҷумро ишғол намудан дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Қатар, ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар садри радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ дар вазни +100 кг боқӣ мемонад. Дар Чемпионати ҷаҳон-2023 ӯ 720 имтиёз ба даст оварда, шумори имтиёзҳои рейтингии худро то 6050 расонид. Дигар иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон-2023 аз Тоҷикистон ҳарчанд медал гирифта натавониста […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо вуҷуди зинаи панҷумро ишғол намудан дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Қатар, ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар садри радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ дар вазни +100 кг боқӣ мемонад. Дар Чемпионати ҷаҳон-2023 ӯ 720 имтиёз ба даст оварда, шумори имтиёзҳои рейтингии худро то 6050 расонид.

Дигар иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон-2023 аз Тоҷикистон ҳарчанд медал гирифта натавониста бошанд ҳам, дар радабандии Федератсияи байнулмилалии ҷудо имтиёзҳо касб карданд.

Абӯбакри Акобир (-100 кг) 11 зина боло – то 85-ум ҷой боло рафта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) 20 мавқеъ боло рафт ва зинаи 71-умро ишғол кард. Шодмон Ризоев (-81 кг) 11 зина боло рафта, то зинаи 42-юм расид.

Беҳрӯз Хоҷазода (-71 кг) нишондиҳандаи худро 3 зина – то 31-юм беҳтар кард. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) 2 зина боло рафта, ба ҷойи 9-ум баромад. Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг) 15 зина боло рафта, акнун дар радабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 37-ум қарор дорад.

Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) мутаносибан мавқеъҳои худ – 16-ум ва 32-юмро нигоҳ доштанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2023 аз 7 то 14 май дар Давҳа баргузор шуд. Дар чемпионат 657 варзишгар (343 мард ва 314 зан) аз 99 кишвари саросари дунё рақобат карданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро Ҷопон, дуюмро – Фаронса ва сеюмро – Гурҷистон ишғол намуданд. Мукофотпулии фонди ҷоизавии мусобиқа 1 млн евроро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.