Медали нуқраи Обид Ҷебов дар Гранд Слами Уланбатор

Рӯзи 23 июн Гранд Слами Уланбатор (Муғулистон) оид ба ҷудо бо рақобатҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз гардид. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар рӯзи аввал 3 варзишгари мо – Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ва Обид Ҷебов дар вазни -66кг гуштин гирифта, Обид ба гирифтани медали нуқра […]

Asia-Plus

Рӯзи 23 июн Гранд Слами Уланбатор (Муғулистон) оид ба ҷудо бо рақобатҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз гардид.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар рӯзи аввал 3 варзишгари мо – Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ва Обид Ҷебов дар вазни -66кг гуштин гирифта, Обид ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Гуфта мешавад, дар давраҳои ти финал расиданд Обид Ҷебов бар Тайпей, Озарбойҷон, Эрхембаяр Баттогтох, ва Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуда, дар финал аз варзишгари дастаи мизбон – Муғулистон шикаст хӯрд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ҷои ҳафтумро гирифт.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 24 июн рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегирад. Тоҷикистонро дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Гранд Слами мусобиқа 345 варзишгар (183 мард, 162 зан) аз 44 давлати ҷаҳон ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.