Дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 Тоҷикистон рақобатро аз даври дуюм шурӯъ мекунад

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур рӯзи 27 июл маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад, баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз даври дуюм муборизаро шуруъ мекунад. Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан дар раддабандии ФИФА […]

Asia-Plus

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур рӯзи 27 июл маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад, баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз даври дуюм муборизаро шуруъ мекунад.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан дар раддабандии ФИФА миёни 46 кишвари КФО дар ҷойи 20-ум қарор дорад, аз даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муборизаро оғоз мекунад.

Азбаски нахустин бор дар Ҷоми ҷаҳон-2026 48 даста ширкат хоҳад кард, Конфедератсияи футболи Осиё ба формати интихобӣ баъзе тағйирот ворид кард – барои дастаҳои қитъаи Осиё ҳаштуним роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 пешниҳод мешавад. Ин маънои онро дорад, ки аз миёни 45 даста 18 тим бо имтиёзи пасттарин – тибқи рейтинги навбатии ФИФА, ки 20 июл нашр мешавад ва вобаста ба шумораи дархостҳои ба ФИФА пешниҳодшуда – дар даври аввал рақобатро шуруъ мекунанд.

Дар даври аввал 18 даста нӯҳ ҷуфтро ташкил медиҳад, ки ҳар кадоми онҳо 12 ва 17 октябри соли 2023 дар хона ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд.

Нӯҳ ғолиби даври аввал ба даври дуюм роҳ меёбад ва онҷо 27 дастаи боқимонда ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 36 даста ба нӯҳ гурӯҳ тақсим мешавад ва онҷо иштирокчиён аз моҳи ноябри соли 2023 то июни соли 2024 шаш бозигӣ анҷом медиҳанд.

Дар поёни даври дувум ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мегардад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мегардад. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.

18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, мустақиман ба даври сеюм ва ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд. Маълумоти муфассал дар бораи марҳилаи охирини интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро Конфедератсияи футболи Осиё дертар нашр хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.