Дастоварди толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон

Дар Мактаби муосири байнулмилалии Душанбе ҷоизадорони Олимпиадаи байнулмилалии TeenEagle-ро аз фанни забони англисӣ, ки охири моҳи июн дар Лондон доир гардид, ботантана пешвоз гирифтанд. Дар Олимпиадаи Лондон 13 нафар хонандагони мактаб ба ҷоизаҳо соҳиб шуданд. Ҳамагӣ 20 нафар хонандагони муассисаи таълимии “Мактаби муосири байнулмилалӣ” ба Олимпиада рафта буданд. Чор нафари онҳо ҷойҳои дуюм ва нуҳ […]

Дар Мактаби муосири байнулмилалии Душанбе ҷоизадорони Олимпиадаи байнулмилалии TeenEagle-ро аз фанни забони англисӣ, ки охири моҳи июн дар Лондон доир гардид, ботантана пешвоз гирифтанд.

Дар Олимпиадаи Лондон 13 нафар хонандагони мактаб ба ҷоизаҳо соҳиб шуданд. Ҳамагӣ 20 нафар хонандагони муассисаи таълимии “Мактаби муосири байнулмилалӣ” ба Олимпиада рафта буданд. Чор нафари онҳо ҷойҳои дуюм ва нуҳ нафар ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Ба гуфтаи омӯзгорони мактаб Хайём Икромӣ ва Фирӯза Худойдодова, ки хонандагонро ҳамроҳӣ карданд, аллакай се сол инҷониб толибилмони ин муассиса дар ин олимпида иштирок карда, ҷоизаҳо ба даст меоранд.

TeenEagle – олимпадаи байнулмилалӣ аз фанни забони англисӣ барои хонандагони синни аз 8 то 18-сола мебошад. Олимпиада аз ду озмуни асосӣ иборат аст: онлайн-раунд ва финали глобалӣ, ки дар се кишвар – Малайзия, Англия ва Италия баргузор мешавад.

Мутаносибан намояндагони Тоҷикистон дар финали глобалӣ дар Англия иштирок карданд. Қобили зикр аст, ки ба иштирокчиёни финали глобалӣ сертификатҳои Brook House College  ва тахфиф барои пардохти таҳсил (агар дохил шуданӣ бошанд) дар донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Brook House College дода мешавад.

Бинои аввали “Мактаби муосири байнулмилалӣ” соли 2021 боз шуд. Бинои дуюми муассиса соли 2022 бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

“Омӯзгорону хонадагони мо бар асоси озмун ба кору таҳсил қабул шуда, фаъолияти муассиса аз рӯи Барномаи таълимии Кембриҷи Британияи Кабир ба роҳ монда шудааст”, – зикр кард директори мактаб Обид Расулов.

Ба иттилои ӯ, дар мактаб барои таълиму тарбияи наврасон мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таълим бо забонҳои русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, 20%-и хонандагон ва омӯзгорони мактаби мазкур шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.