Бонки ҷаҳонӣ сабаби аз фурӯши тилло даст кашидани Тоҷикистонро шарҳ дод

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар натиҷаи афзоиши воридот ва коҳиши содирот кам шуд, чунки ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки қимати бештари тиллоро дар дохили кишвар нигоҳ дорад. Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ин касрро ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши назарраси вуруди асъори хориҷӣ тавассути интиқоли маблағ, сармоягузориҳои мустақими […]

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар натиҷаи афзоиши воридот ва коҳиши содирот кам шуд, чунки ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки қимати бештари тиллоро дар дохили кишвар нигоҳ дорад.

Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ин касрро ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши назарраси вуруди асъори хориҷӣ тавассути интиқоли маблағ, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, қарзу грантҳои аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳодшуда ҷуброн кард.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи каме бештар аз 500 ҳазор доллар фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо содир шудааст, ки 350 баробар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Он замон фулузоти қиматбаҳо ба маблағи 175 млн дорллар фурӯхта шуда буд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, аз вуруди зиёди асъори хориҷӣ захираҳои байнумилалӣ (захираҳои тиллову асъор)-и кишвар афзоиш ёфт.

Гуфта мешавад, соли 2022 чунин захираҳои кишвар ба андозаи 37% – “тақрибан то 3,8 млрд доллар” зиёд шуд.

Захираҳои тиллову асъори кишвар дар сатҳи 9 моҳи рӯйпӯш кардани воридоти ҷумҳурӣ арзёбӣ мешаванд.

Қаблан раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 86%-и захираҳои байнулмилалиро қисмати асъор, 12%-ашро – тилло ва 2%-ашро – сандуқи сармоягузорӣ ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.