40 нафар ҷон бохта, 41 нафар бедарак шудаанд. Пайомади офатҳои табиии ахир дар Афғонистон

Давоми як ҳафтаи охир бар асари обхезиҳо дар ҳашт вилояти Афғонистон 40 нафар ҷон бохта, 41 нафар бедарак шудаанд ва 74 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”  хабар медиҳад. Саропарасти Вазорати рафъи офатҳои табии Афғонистон гуфтааст, дар се рӯзи ахир бар асари обхезиҳо, бар иловаи талафоти ҷонӣ, беш аз 9 ҳазор […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Давоми як ҳафтаи охир бар асари обхезиҳо дар ҳашт вилояти Афғонистон 40 нафар ҷон бохта, 41 нафар бедарак шудаанд ва 74 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”  хабар медиҳад.

Саропарасти Вазорати рафъи офатҳои табии Афғонистон гуфтааст, дар се рӯзи ахир бар асари обхезиҳо, бар иловаи талафоти ҷонӣ, беш аз 9 ҳазор хонаи истиқоматӣ ва ҳафт ҳазор гектар замини кишоварзӣ тахриб шудааст. Сокинони Афғонистон Толибонро ба надоштани нақшаи наҷот муттаҳам мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ин гурӯҳ ба ҷои тамаркуз ба ҳалли мушкилот, болои мардум бештар фишор меорад.

Масъули идораи мубориза бо офатҳои табиии вилояти Майдони Вардак гуфтааст, ки бар асари обхезии шаби гузашта дар се вулусволии ин вилоят 30 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи ин обхезӣ чаҳор нафар нопадид шуда, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзӣ низ тахриб гардидаанд.

Теъдоде аз осебдидагони ин обхезӣ аз ҳукумати Толибон ва созмонҳои кӯмакрасон дархост кардаанд, ки паноҳгоҳҳо бунёд кунанд ва ёрии аввалия расонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.