Дар Дания ҳам Қуръонро оташ заданд

Ду нафар аъзои гуруҳи тундрави “Ватандӯстони Дания” дар назди сафорати Ироқ дар шаҳри Копенҳагени Дания китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръонро оташ задаанд. Ҳазорон мусулмон дар чандин кишвари ҷаҳон ба эътироз баромаданд. Дар ин бора бахши русии BBC иттилоъ дода, менависад, ки ҳафтаи гузашта ҳам аъзоёни ин гуруҳ чунин амалро тавассути Фейсбук мустақиман нишон дода буданд. […]

Asia-Plus

Ду нафар аъзои гуруҳи тундрави “Ватандӯстони Дания” дар назди сафорати Ироқ дар шаҳри Копенҳагени Дания китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръонро оташ задаанд. Ҳазорон мусулмон дар чандин кишвари ҷаҳон ба эътироз баромаданд.

Дар ин бора бахши русии BBC иттилоъ дода, менависад, ки ҳафтаи гузашта ҳам аъзоёни ин гуруҳ чунин амалро тавассути Фейсбук мустақиман нишон дода буданд.

Бояд гуфт, чанде пештар дар Шветсия низ китоби Қуръон аз ҷониби як паноҳандаи ироқитабор сӯзонида шуд ва ин боиси эътирози густурда дар ҷаҳони ислом гашт. Дар пайи ин Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае сӯзонидани китобҳои муқаддасро маҳкум карда, аз давлатҳое, ки дар онҳо кирдори мазкур рух додааст, даъват кард, ки гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ҳамакнун, пас аз қабули қатъномаи СММ низ дар Дания китоби Қуръон сӯзонида шуд. Дар пайи ин, ҳазорон нафар мусулмонон боз ба эътироз баромада, қатъи таҳқири эътиқодӣ шуданд.

Тазоҳуротгарон дар шаҳри Санъои Яман эътирози худро аз давлатдорони Шветсияву Дания барои иҷозаи чунин амал баён карданд.

Туркия ин ҳодисаро “ҳамлаи зишт” ба Қуръон хонд ва вазорати хориҷаи Алҷазоир сафири Дания ва кордори Шветсияро барои маҳкум кардани ин амал даъват кард. Эрону Қатар низ эътирози худро иброз доштанд.

Дар Бағдод нерӯҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи издиҳоми зиёд ба сафорати Дания аз гази ашковар истифода карданд.

Вазорати умури хориҷаи Дания гуфтааст, ки “сӯзондани Қуръонро маҳкум мекунад”.

Бояд гуфт, ки охири моҳи июн, дар арафаи Иди Қурбон яке аз паноҳҷӯёни ироқии муқими Шветсия китоби барои мусулмонон муқаддаси Қуръонро оташ зад. Мақомоти Шветсия ба ӯ иҷоза доданд, то эътирози худро баён кунад.

Ин амал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои густардаеро ба бор овард. Ироқ аз мақомоти Шветсия тақозо кард, ки муҳоҷири Қуръонро оташзада ба ин кишвар истирдод карда шавад.

Қабл аз ин низ тундгароён дар кишварҳои гуногуни аврупоӣ қитоби муқаддаси мусулмононро оташ зада буданд. Он замон низ ин рафтори тундгароёнаи ғарбиҳо эътирози густурдаи мусулмонони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба миён оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.