Мурғоб Марғоб мешавад? Кумитаи забон мехоҳад номи қариб 13 ҳазор маҳалли аҳолинишин ва объекти ҷуғрофиро иваз кунад

Date:

Номи 12 ҳазору 778 маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофиро дар Тоҷикистон иваз мекунанд, ки дар байни онҳо ноҳияи Мурғоб низ ҳаст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз, 3-юми август, дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ин номҳо ба қонунгузории Тоҷикистон, қоидаҳои имло ва меъёри забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода ноҳияи Мурғобро мисол оварда, гуфт, шакли дурусташ Марғоб ва ё Марғеб аст.

“Мо ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод кардем, ки номи Мурғоб ба Марғоб иваз карда шавад”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба қавли ӯ, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот номи 5 ҳазору 83 маҳалли аҳолинишин ва қариб  7 ҳазору 700 мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва қоидаҳои имло мутобиқат намекунанд, муайян ва барои иваз кардан ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олимҷон Муҳаммадҷонзода

Бояд гуфт, ки раванди ивази номи маҳалҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ аз мақомоти маҳаллӣ оғоз гардида, қарори ниҳоиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқ ба қонуну қоидаҳои забони тоҷикӣ, имлои забони тоҷикӣ, тартиби номгузории таърихӣ ва суннатҳои таърихии номгузории тоҷикӣ иваз крада мешавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Дар ин маводи мо бо номҳои собиқ ва имрӯзаи чанде аз шаҳру навоҳӣ муфассалтар шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...