“Дар зери қарор муҳри давраи Шӯравӣ буд”. Ҷузъиёти нави давлатӣ шудани литсейи Оқохон

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи санҷиши литсейи Оқохон маълум намудаанд, ки бо вуҷуди дар давраи истиқлолият хусусӣ шудани ин литсей, дар зери қарори иҷорадиҳии он муҳри замони шӯравӣ гузошта шудааст. Дар пайи ин Додситонии кулл эътироз баён кардааст. Тақдиршо Тақдиров, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор, ки роҳбарии комиссияи санҷиши […]

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи санҷиши литсейи Оқохон маълум намудаанд, ки бо вуҷуди дар давраи истиқлолият хусусӣ шудани ин литсей, дар зери қарори иҷорадиҳии он муҳри замони шӯравӣ гузошта шудааст. Дар пайи ин Додситонии кулл эътироз баён кардааст.

Тақдиршо Тақдиров, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор, ки роҳбарии комиссияи санҷиши литсейи Оқохонро ба зимма дошт, дирӯз, 8-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин литсей моҳи сентябри соли 2022 аз ҷониби Додситонии кулл, КДАМ, Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм санҷида шуд.

“Дар асоси дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ҳолати риояи талаботи иҷозатнома, азхудкунии барномаҳои давлатӣ, сатҳу сифати таълим, риояи шумораи хонандагон дар синфхонаҳо, дараҷаи касбии омӯзгорон, мувофиқатии синфхонаҳои таълимӣ, лабараторияҳо, синфхонаҳои фаннӣ ва компютерӣ ва рияои талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар литсейи Оқохон санҷида шуд. Баъди санҷиш маълумотнома ба Додситонии кулл пешниҳод гардид”, – гуфт Тақдиров.

Ҳамчунин, қарори раиси шаҳри Хоруғ дар хусуси “ба иҷора додани мактаби №3-и шаҳр” аз 11-уми декабри соли 2000-ум низ мавриди санҷиши Додситонии кулл қарор гирифтааст. Ба қавли ин масъули Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар бандҳои он қарор зикр мешавад, ки “мактаби №3 ба литсейи хонандагони болаёқат табдил дода шавад”.

“Ин иҷора аст ва ё мубодила? Бар замми ин, зери қарори раиси шаҳри Хоруғ муҳри давраи шӯравӣ зада шудааст”, – гуфт Тақдиршо Тақдиров.

Пас аз санҷиши ин қарори 23 сол пеши раиси шаҳри Хоруғ ва таҳлили хулосаи комиссия оид ба санҷиши фаъолияти литсейи Оқохон Додситонии кулли кишвар “номувофиқатии санадҳо ва дигар норасоиву риоя нашудани Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ”-ро ошкор кард, ки боиси давлатӣ шудани литсейи Оқохон гардид.

Қаблан Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “сабаби асосии давлатӣ кардани литсейи Оқохон берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он мебошад”.

Ӯ ҳам таъкид карда буд, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале “он аз ҷониби муаллимони литсейи Оқохон сарфи назар шудааст”.

Литсейи Оқохон муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон буда, соли 2000 дар шаҳри Хоруғ ташкил шудааст. Пас аз 23 соли фаъолият, моҳе пештар он давлатӣ карда шуд. Минбаъд ин муассисаи таълимӣ чун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм фаъолият мекунад.

Ба иттилои Радиои Озодӣ литсей ягона муассисаи зертобеи шабакаи Оқохон нест, ки давлатӣ карда мешавад. Қаблан Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Додситонии ВМКБ аз онҳо тақозо кардааст, то сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.

Гуфта мешавад, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, соли 2000-ум донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин, меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буданд низ ба моликияти давлат табдил ёфтаанд.

Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.