Тоҷикистон дар машқҳои ҳарбии «Боевое братство-2023» дар Беларус иштирок мекунад

Аз 1 то 6 сентябр дар шаш машқгоҳи Беларус дар доираи тамринҳои муштараки фаврӣ-стратегии Неруҳои СААД «Боевое братство-2023» тамринҳои гуногун баргузор мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон. Мувофиқи қарордодҳои ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушуниди ситодҳо, дар тамринҳо воҳидҳои миллии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Гуфта мешавад, ба тамринҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 1 то 6 сентябр дар шаш машқгоҳи Беларус дар доираи тамринҳои муштараки фаврӣ-стратегии Неруҳои СААД «Боевое братство-2023» тамринҳои гуногун баргузор мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.

Мувофиқи қарордодҳои ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушуниди ситодҳо, дар тамринҳо воҳидҳои миллии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ба тамринҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 500 адад силоҳу муҳимот ва техникаи махсуси ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории тамринҳо беҳбуди ҳамоҳангсозӣ ва мураттабии кори мақомоти идоракунӣ дар ҷараёни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак унвон мешавад.

Илова бар ин, машқҳо ба баланд бардоштани малака ва маҳорати амалии фармондеҳон дар идоракунии қисмҳо ва воҳидҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус равона карда шудаанд. Вазифаи муҳими машқҳо ташаккули сифатҳои баланди рӯҳиву ҷангӣ, устувории равонӣ ва тобоварии ҷисмонии хидматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Дар тамринҳо аз ҷумла баргузории машқҳо бо Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии СААД –  неру ва воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2023”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои иктишофии “Поиск-2023”, тамрини ҳайати фармондеҳӣ-ситодии неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии Созмон – “Взаимодействие-2023” ва тамрини махсуси воҳидҳои таъмини амнияти кимиёвӣ ва радиатсионӣ ва таъминоти тиббии “Барьер-2023” ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.