Қариб 20 қавм як намояндагӣ доранд. Дар Суғд чанд қавм зиндагӣ мекунад ва онҳо киҳоянд?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд намояндагони қариб 50 қавм зиндагӣ мекунанд, ки бархеи онҳо танҳо 1 намоянда доранд. Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, 84,26 дарсади аҳолии вилояти Суғдро тоҷикон ташкил медиҳанд ва баъди тоҷикон шумораи ӯзбекон дар минтақа зиёд аст.

“Дар вилоят 15,23 дарсадро ӯзбекҳо, 0,24 фисадро қирғизҳо, 0,23 фоизроо русҳо, 0,02, дарсадро тоторҳо ва 0,01 фисадро лӯлиҳо ташкил медиҳанд, қазоқҳову кореягиҳо ҳам ҳастанд, вале фоизашон хело кам аст”,- гуфт Ҳокимбек Накҳатзода.

Ба гуфтаи сардори Раёсати омори вилоят аз 48 қавм 17-тои он ҳамагӣ якнафарӣ намоянда доранд:

Аварҳо,

Балқарсҳо,

Қабардинҳо,

Қароқалбоқҳо,

Кумикҳо,

Лазгинҳо,

Мордвинҳо,

Мансиҳо,

Нганасаниҳо,

Удегайҳо,

Табасаранҳо,

Тоторҳои сибир,

Чувашҳо,

Арабҳо,

Булғорҳо,

Форсҳо,

Полякҳо.

“Қоидаи баҳисобгирӣ  аз рӯи пурсиши хона ба хона сурат гирифта, ҳатто як нафар намояндаи дигар миллат бошад ҳам як миллат ба қайд гирифта мешавад. Аҳ пурсишҳо маълум шуд, ки намояндаи баъзе миллатҳо аз ҷумла намояндаи, юнониҳо, эстониҳо, аварҳо, балқарҳо, лазгинҳо ва ғайра бо сабабҳои оиладорӣ бо ҷуфти тоҷики худ дар вилояти Суғд мондаанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло дар вилояти Суғд – 2 млн. 889,4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 1 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 200 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шуд.

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки афзоиши аз ҳама бештари теъдоди аҳолӣ миёни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ (СССР) тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон – 76,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...