Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи амният ва мудофиа

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯри таъкид шуд, ки  Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амният ва мудофиа тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро дар ин раванд ба суди ду кишвар маънидод карданд.

“Ҷонибҳо аз равандҳои ташвишовари замони муосир ёдовар шуда, ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид намуданд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунид ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.