Қариб 20 қавм як намояндагӣ доранд. Дар Суғд чанд қавм зиндагӣ мекунад ва онҳо киҳоянд?

Дар вилояти Суғд намояндагони қариб 50 қавм зиндагӣ мекунанд, ки бархеи онҳо танҳо 1 намоянда доранд. Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, 84,26 дарсади аҳолии вилояти Суғдро тоҷикон ташкил медиҳанд ва баъди тоҷикон шумораи ӯзбекон дар минтақа зиёд аст. “Дар вилоят 15,23 дарсадро ӯзбекҳо, 0,24 фисадро […]

Дар вилояти Суғд намояндагони қариб 50 қавм зиндагӣ мекунанд, ки бархеи онҳо танҳо 1 намоянда доранд. Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, 84,26 дарсади аҳолии вилояти Суғдро тоҷикон ташкил медиҳанд ва баъди тоҷикон шумораи ӯзбекон дар минтақа зиёд аст.

“Дар вилоят 15,23 дарсадро ӯзбекҳо, 0,24 фисадро қирғизҳо, 0,23 фоизроо русҳо, 0,02, дарсадро тоторҳо ва 0,01 фисадро лӯлиҳо ташкил медиҳанд, қазоқҳову кореягиҳо ҳам ҳастанд, вале фоизашон хело кам аст”,- гуфт Ҳокимбек Накҳатзода.

Ба гуфтаи сардори Раёсати омори вилоят аз 48 қавм 17-тои он ҳамагӣ якнафарӣ намоянда доранд:

Аварҳо,

Балқарсҳо,

Қабардинҳо,

Қароқалбоқҳо,

Кумикҳо,

Лазгинҳо,

Мордвинҳо,

Мансиҳо,

Нганасаниҳо,

Удегайҳо,

Табасаранҳо,

Тоторҳои сибир,

Чувашҳо,

Арабҳо,

Булғорҳо,

Форсҳо,

Полякҳо.

“Қоидаи баҳисобгирӣ  аз рӯи пурсиши хона ба хона сурат гирифта, ҳатто як нафар намояндаи дигар миллат бошад ҳам як миллат ба қайд гирифта мешавад. Аҳ пурсишҳо маълум шуд, ки намояндаи баъзе миллатҳо аз ҷумла намояндаи, юнониҳо, эстониҳо, аварҳо, балқарҳо, лазгинҳо ва ғайра бо сабабҳои оиладорӣ бо ҷуфти тоҷики худ дар вилояти Суғд мондаанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло дар вилояти Суғд – 2 млн. 889,4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 1 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 200 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шуд.

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки афзоиши аз ҳама бештари теъдоди аҳолӣ миёни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ (СССР) тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон – 76,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.