Теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид

Дар ҷараёни баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадҳои боз 4 нафари дигар дарёфт шуданд. Ҳамин тариқ, теъдоди қкрбониёни офат то 17 нафар расид. Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҷасди 3 зан ва 1 мард ҳангоми баргузории корҳо дар қаламрави ҷамоатҳои ба […]

Дар ҷараёни баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадҳои боз 4 нафари дигар дарёфт шуданд. Ҳамин тариқ, теъдоди қкрбониёни офат то 17 нафар расид.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҷасди 3 зан ва 1 мард ҳангоми баргузории корҳо дар қаламрави ҷамоатҳои ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат пайдо шудааст.

“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Қаблан бар асари офати табиӣ аз ҳалокати 13 нафар – 11 кас дар Ваҳдат ва боз 2 нафари дигар дар ноҳияи Рғӯакӣ хабар дода шуда буд.

Ба гуфтаи Юсуфӣ, чанде пеш аз ҷониби кормандони КҲФ бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ хатҳои обрасон, кӯчаву роҳ ва 25 манзил дар ҷамоатҳои дар боло зикршуда аз лойқаву сангреза тоза карда шуданд.

“Роҳи мошингарди Ваҳдат – Ромит аз лойқаи сангу гил пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ барқарор карда шуд”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти КҲФ, рӯзи 29 август бар асари боришоти шадид дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Лахш сел фаромада, ҳаракати нақлиёт муваққатан баста шуд. Баъди чанде роҳ тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.

Ҳамчунин сел ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, каналҳои обёрӣ, пулҳо дар деҳаи Тегирмии ҷамоати Меҳробод ва деҳаи Зорони ҷамоати деҳоти Муҷихарф зарар расонида, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Селҳо ба қитъаҳо наздиҳавлигӣ, хатҳои обрасон ва дигар иншооти сокинони деҳаҳои ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон низ осеб расонидаанд.

Дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Фархор бар асари аз теппаҳо фаромадани сел 100 сар чорвои сабук нобуд шуда, 3 қитъаи наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро об зер кардааст.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз рӯзи 27 август бар асари фаромадани селу ярч дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, инчунин ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Сангвор ва Тоҷикобод ба манзил ва дигар иншооти зерсохтори ин мавзеъҳо зарари ҷиддӣ расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.