Дар зарфи 1 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 200 ҳазор нафар зиёд шуд

То 1 июли соли равон теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо назардошти сабти таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 млн 163,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин теъдод ба андозаи 1,9% ё худ 195 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 июли соли равон теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо назардошти сабти таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 млн 163,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин теъдод ба андозаи 1,9% ё худ 195 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли равон тариқи зайл аст:

вилояти Хатлон – 3 млн. 649,3 ҳазор нафар;

вилояти Суғд – 2 млн. 889,4 ҳазор нафар;

Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 163,6 ҳазор нафар;

Шаҳри Душанбе – 1 млн. 228,4 ҳазор нафар;

ВМКБ – 232,7 ҳазор нафар.

Вазни қиёсии пойтахт дар шумори умумии аҳолии кишвар то 1 июли соли 2023 аз 9,3% то 12,1% афзуда, ҳиссаи ҳамаи чор минтақа, баръакс – коҳиш ёфт.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шуд.

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки афзоиши аз ҳама бештари теъдоди аҳолӣ миёни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ (СССР) тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон – 76,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.