БОР ба Тоҷикистон барои беҳбуди сифати хидматрасониҳои тиббӣ пул медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникӣ ба маблағи 500 млн долларро ббарои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Лоиҳа дар нақшаи пешбинишудаи Бонк дар соли 2024 қарор дорад. Гранти кӯмаки техникӣ маблағгузории иловагиро барои тавсеаи ҳаҷми гранти кунунии 32 млн доллари ИМА омода мекунад, ки аз ҷониби […]

Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникӣ ба маблағи 500 млн долларро ббарои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Лоиҳа дар нақшаи пешбинишудаи Бонк дар соли 2024 қарор дорад.

Гранти кӯмаки техникӣ маблағгузории иловагиро барои тавсеаи ҳаҷми гранти кунунии 32 млн доллари ИМА омода мекунад, ки аз ҷониби БОР дар соли 2018 барои лоиҳаи “Ҳифзи ҳамгирошудаи солимии модару кӯдак” тасдиқ шудааст. Ин тарҳ ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди хидматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин кумак мекунад.

Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хидматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи озмоишии дигар – Дарвоза, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад.

Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Гранти кӯмаки техникӣ тарҳи техникӣ, нақшаи муфассали хароҷот, таҳлил ва инчунин дастгирии амалҳои пешакӣ ва оғози маблағгузории иловагии пешниҳодшударо омода мекунад.

Тоҷикистон соли 1998 ба Бонки осиёии рушд ҳамроҳ шуд. Дар давоми 25 сол БОР маҷмӯи васеи бахшҳои кишвар, сар аз зерсохтори стратегии роҳ ва энергетика то соҳаи тандурустӣ, рушди малакаҳои корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва соҳаи молияро дастгирӣ мекунад. Дар ин давра ба кишвар ба сурати умум дар ҳаҷми 2,5 млрд доллар, аз ҷумла ҳудуди 2 млрд доллар ба сифати грант кумак расонида шудааст.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд, ки 49-тои онҳо дар минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.