Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Ҷо Байден ба Амрико рафт

Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар иҷлосияи 78-уми  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – ИМА” мебошад. Дар фурудгоҳи байналмилалии […]

Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар иҷлосияи 78-уми  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – ИМА” мебошад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

“Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”, – навиштааст манбаъ.

Қаблан аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – ИМА (С5+1) қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад.

“Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.

Мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Ҷейк Салливан бошад, мегӯяд, ки мулоқоти дарпешистодаи раҳбари Амрико Ҷо Байден бо ҳамкасбонаш аз Осиёи Марказӣ алайҳи ҳеҷ кишваре нигаронида нашудааст ва “рӯзномаи мусбӣ” дорад.

“Ин нахустин нишасти президентӣ ба раҳбарон имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳоро, аз амнияти минтақавӣ то тиҷорат ва пайвастшавӣ, тағйирёбии иқлим ва ислоҳоти ҷорӣ барои беҳбуди идоракунӣ ва волоияти қонун баррасӣ кунанд”, – гуфт Салливан.

Вай қайд кард, ки воқеан C5+1 соли 2015 оғоз шуда буд ва дар солҳои минбаъда қавитар шуд: “Ва ҳоло мо бори аввал мулоқотро дар сатҳи роҳбарият мебинем”.

“Ҳадафи ин нишаст зидди ҳеҷ кишваре нест. Гап дар бораи як барномаи мусбат аст, ки мо мехоҳем бо ин кишварҳо ҳамкорӣ кунем”, – таъкид кард ӯ.

Мушовири Байден қайд кард, ки дар пайи ин нишаст тасмим гирифта мешавад, ки як изҳороти муштарак бо мушаххас кардани самтҳои кори муштарак қабул шавад.

Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Ва пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.

Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.

Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.