Моҳи август дар Тоҷикистон болоравии босуръати нархҳо ба қайд гирифта шуд

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ пас аз афзоиши муътадил дар моҳҳои пешини сол якбора босуръат боло рафт. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, молу маҳсулоти истеъмолӣ ва хидматрасониҳо тайи моҳи ахир ба андозаи 0,6% қимат шуданд. Барои муқоиса, моҳи июл болоравии арзиши маҳсулот 0,3% ва афзоиши моҳона ба ҳисоби […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ пас аз афзоиши муътадил дар моҳҳои пешини сол якбора босуръат боло рафт.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, молу маҳсулоти истеъмолӣ ва хидматрасониҳо тайи моҳи ахир ба андозаи 0,6% қимат шуданд.

Барои муқоиса, моҳи июл болоравии арзиши маҳсулот 0,3% ва афзоиши моҳона ба ҳисоби миёна дар 7 моҳи пешина – 0,37%-ро ташкил додааст.

Афзоиши баланди сатҳи таваррум дар моҳи август дар навбати аввал ба босуръат гароншавии маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2%, маҳсулоти хӯрокворӣ – 0,3% ва тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ – 0,6% рабт дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, мизони таваррум дар зарфи ҳашт моҳи соли ҷорӣ яке аз нисбатан пасттаринҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ – 3,2% боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3,8%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4,6% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% қимат шуданд.

Аз ин нишондиҳандаи пасти болоравии нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ танҳо дар ҳамин давраи соли 2013 – 2,5% ба қайд гирифта шуда буд.

Моҳи август кадом маҳсулот аз ҳама бештар қимат шуд?

Тавре ки дар боло зикр шуд, нисбатан зиёдтар арзиши маҳсулоти ғайриозуқа боло рафт.

Болоравии нисбатан назарраси нархҳо ба маҳсулоти зерин ба қайд гирифта шуд: гази моеъ – 41,6%, лавозимоти канселярӣ – 12,0%, либос барои кӯдакон – 5,0%, бензин – 3,3%, маҳсулоти фармасевтӣ – 0,2% ва таҷҳизоти маишӣ – 0,2%.

Аз хӯрокворӣ нархҳо ба чунин маҳсулот нисбатан зиёдтар боло рафт: бодиринг – 12,3%, сабзӣ – 6,4%, тухм – 3,5%, орди навъи 1-ум – 1,6%, биринҷ – 0,6%, карам – 0,5%, гӯшти гӯсфанд – 0,2% ва шакар – 0,1%.

Болоравии начандон назарраси нарху тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи август (0,6%) асосан аз ҳисоби қиматшавии дӯхтани куртаи занона (5,9%) ва шими мардона (2,8%) ба вуҷуд омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?