Дар Русия ду бародаре, ки дар Тоҷикистон ҳамзисти хоҳарашонро кушта буданд, боздошт шуданд

Кормандони Дафтари марказии миллии Интерполи ВКД Русия, Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-и ин кишвар ва Раёсати кофтукови ҷиноятии Маскав ду бародар – шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намуданд. Онҳо ба куштор бо бераҳмии махсуси марбут ба рабудани одам гумонбар дониста мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи mvdmedia.ru. “Тибқи фарзияи тафтишот, моҳи ноябри соли 2020 бародарон дар Русия мефаҳманд, […]

Asia-Plus

Кормандони Дафтари марказии миллии Интерполи ВКД Русия, Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-и ин кишвар ва Раёсати кофтукови ҷиноятии Маскав ду бародар – шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намуданд. Онҳо ба куштор бо бераҳмии махсуси марбут ба рабудани одам гумонбар дониста мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи mvdmedia.ru.

“Тибқи фарзияи тафтишот, моҳи ноябри соли 2020 бародарон дар Русия мефаҳманд, ки хоҳарашон дар Тоҷикистон бо як мард муносибати  наздик доштааст. Онҳо аз ин хеле дарғазаб мешаванд. Вақте ки ба ватан меоянд, ҳамзисти хоҳарашонро рабудаву мекушанд ва ҷасадро дар партовгоҳ пинҳон мекунанд. Пас аз содир намудани ҷинноят бародарон дар қаламрави Русия пинҳон мешаванд”, – хабар додааст намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

Ӯ изҳор доштааст, ки ин ду нафари гумонбар аз ҷониби мақомоти салоҳиятноки Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда буданд.

Кормандони пулиси Русия макони будубоши онҳоро муайян намуда, бо дастгирии кормандони Росгвардия онҳоро дастгир кардаанд.

“Айни замон масъалаи истирдоди боздоштшудагон ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад”, – илова намудааст Ирина Волк.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.