Газ дар Душанбе боз гарон шуд. Оқибатҳои он чӣ гуна хоҳанд буд?

Болоравии арзиши гази моеъ ба қиматшавии нархи хидматрасонии нақлиёт ва маҳсулоти кишоварзӣ боис шуда метавонад. Дар Тоҷикистон қимати гази моеъ тақрибан ҳар рӯз боло меравад ва рӯзи 16-уми октябр 1 литри он 7,6 сомонӣ нарх дошт. Натиҷааш ин аст, ки рафту омад аз Душанбе ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо автомашинаҳои хусусӣ аллакай гарон шудааст. Масалан, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Болоравии арзиши гази моеъ ба қиматшавии нархи хидматрасонии нақлиёт ва маҳсулоти кишоварзӣ боис шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон қимати гази моеъ тақрибан ҳар рӯз боло меравад ва рӯзи 16-уми октябр 1 литри он 7,6 сомонӣ нарх дошт.

Натиҷааш ин аст, ки рафту омад аз Душанбе ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо автомашинаҳои хусусӣ аллакай гарон шудааст.

Масалан, рӯзи 16 октябр нархи равуо аз шаҳри Турсунзода то Душанбе дар автомашинаҳои шахсӣ 5 сомонӣ боло рафта, барои як нафар 30 сомониро ташкил дод.

Нархи газ ба боркашонӣ ҳам таъсир расонд. Аз ҷумла, ба интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳо ба шаҳр аз ҷониби боркашонҳои хусусӣ. Дар ноҳияҳо айни замон ҷамъоварии сабзавот ҷараён дорад ва заминҳоро таъҷилан аз ҳосил холӣ кардан лозим аст, то ки ҳарчи зудтар заминҳо ба кишти зироати нав омода карда шаванд.

“Аммо бо сабаби болоравии хароҷоти нақлиёт, ба бозор баровардани маҳсулоти худ дар ҳаҷмҳои кам зиёновар шуда истодааст. Агар қаблан бо мошини «Лабо» мо бо 50 сомонӣ маҳсулот мебурдем, ҳоло ба масофаи 10-15 километр 70 сомонӣ мегиранд», – мегӯяд деҳқон Сафар Атоев аз шаҳри Турсунзода.

– Ман шахсан қарор кардам, ки тамоми кабудиро барои алаф ҷамъоварӣ кунам. Дар бозор миёнаравон 10 бандчаашро 1 сомонӣ нарх гузоштаанд. Дар ин ҳолат, кори оилаи ман ба як тин ҳам намеарзад. Беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашам. Ҳоло ман кашниз ва шибитро ҷамъоварӣ мекунам ва ба ҷои он сабзавоти тирамоҳӣ мекорам, то дар аввали баҳор ақаллан чизе барои фурӯш дошта бошам».

Ба ақидаи ӯ, азбаски ронандагони мошинҳои боркаш нархро боло мебаранд, истеҳсолкунанда низ маҷбур мешавад, ки қимати маҳсулоти худро зиёд кунад.

Коршиносон дақиқ гуфта наметавонанд, ки болоравии нарх ба кадом дараҷа мерасад, оё он дар дигар соҳаҳо эҳсос хоҳад шуд ё не.

Барои муайян кардани осебпазирии бештари ин ё он соҳа ба болоравии нархи гази моеъ, бояд ҳисоб кунем, ки арзиши сӯзишворӣ дар хароҷоти умумии кор чанд фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, пешбинии то 30% болоравии қимати маводи сӯзишворӣ метавонад то ба 10-15% болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ боис гардад.

Ба ин тариқ, аз болоравии нарх натанҳо соҳаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, балки бахши кишоварзӣ низ зарар мебинад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.