“Аввал ноҳияи Исмоили Сомонӣ”. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба кор оғоз кард

Дар Душанбе аз 18-уми октябр Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ, ТЭС) ба кори худ оғоз кардааст ва ҳоло хонаи сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин шудааст. Дар ин бора Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси МБГ-и шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур […]

Дар Душанбе аз 18-уми октябр Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ, ТЭС) ба кори худ оғоз кардааст ва ҳоло хонаи сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин шудааст. Дар ин бора Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси МБГ-и шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян зарур аст.

Ба гуфтаи Сайфуллоев, Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд..

"Пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор менамоем, ки шаҳрвандонро огоҳ созанд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд”, – таъкид кардааст Сайфуллоев.

Дар ин замина ӯ таъкид кардааст, ки “то сипарӣ гардидани мавсим мо бо шабакаҳои гармидиҳӣ зич ҳамкорӣ намуда, ҳангоми ба амал омадани садама фавран онро бартараф месозем”.

“Барқи Тоҷик” дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо мақсади бо гармӣ таъмин кардани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷи филиали МБГ №2-ро 1,1 млн тонна  муайян кардааст.

Ҳоло кашонидан ва захираи ангишт бо мақсади таъмин намудани талаботи филиали МБГ №2 дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 идома дорад.

Захираи умумии ангишт то 1-уми октябри соли 2023-юм 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, барои таъмини эҳтиёҷоти МБГ дар маҷмӯъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур ё 65,7 фоизи нақша захира шудааст.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 3000 иншоот бо гармӣ таъмин гардидаанд.

Имсол дар мавсими 2023 – 2024 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ – МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо бояд 3 ҳазору 200 бинову иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин шаванд.

Ба иттилои  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва ба амал омадани  борон дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки ҳавои моҳи октябри имсола ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2022-юм монанд мешавад.

Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии №2 имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии нерӯи барқ пайдо мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки 28-уми марти соли 2023 дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дода буд, ки барои зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо нерӯи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Бо қарори мазкур Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар таъсис дода шуд, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ин ситод имрӯз барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои ин қарор фаъолияти амалӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо камбуди газу мазут мувоҷеҳ шуд, ки қариб ду моҳ қисме аз хонаҳои аҳолии пойтахт бе оби гармкунанда монд. Дар пайи ин сардиҳо сокинони шаҳр борҳо аз кори МБГ интиқод карда, аз масъулин хоста буданд, ки мушкилро бартараф намояд. Аммо ин мушкиш то охири моҳи январ идома кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.