Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 7-уми ноябр барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, ки сафари Иброҳим Раисӣ санаҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки президенти Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохӯрдад. Ҳамчунин, онҳо дар […]

asia+, asia+

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 7-уми ноябр барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки сафари Иброҳим Раисӣ санаҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, ки президенти Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохӯрдад.

Ҳамчунин, онҳо дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ин дуввумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.

Ӯ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омад ва аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон баъди 9 соли таваққуф ба соли 2022 ба Эрон, кишвари форсзабоне, ки дар гузашта шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд, сафар кард.

Бояд гуфт, ки муносибати Тоҷикистон ва Эрон муддате ба далели сӯйитафоҳум дар шинохти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом тира гашта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.