Тафсилоти ҳамла ба урдугоҳи Ҷабалия ва таъкиди СММ ба ҷиноёти ҷангӣ

Бино ба маълумоти ҷадид, ки хабаргузории Reuters интишор кардааст, дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил ба урдугоҳи Ҷабалияи Навори Ғазза дастикам 195 фаластинӣ кушта шудаанд. Дар пайи ин, намояндаи СММ аз эҳтимоли ҷинояти ҷангӣ ҳушдор дод. Ба урдугоҳи Ҷабалия дирӯз, 1-уми ноябр, ҳамла сурат гирифт. Исроил гуфт, ки ду роҳбари низомии Ҳамосро ҳадаф қарор дода буд, […]

Бино ба маълумоти ҷадид, ки хабаргузории Reuters интишор кардааст, дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил ба урдугоҳи Ҷабалияи Навори Ғазза дастикам 195 фаластинӣ кушта шудаанд. Дар пайи ин, намояндаи СММ аз эҳтимоли ҷинояти ҷангӣ ҳушдор дод.

Ба урдугоҳи Ҷабалия дирӯз, 1-уми ноябр, ҳамла сурат гирифт. Исроил гуфт, ки ду роҳбари низомии Ҳамосро ҳадаф қарор дода буд, аммо куштори садҳо сокини бегуноҳро рад накард.

Ҳамчунин, Исроил масъулияти ҳамлаи худ ба урдугоҳи гурезагон ва куштори садҳо нафар сокини бегуноҳро ба зиммаи Ҳамос гузошт.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Миллали Муттаҳид аз эҳтимолияти даст задан ба ҷинояти ҷангӣ дар Ховари Миёна ҳушдор медиҳад.

Фолкер Турк, комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар шабакаҳои иҷтимоии “X” навишт, ки “бо дарназардошти теъдоди зиёди талафоти ғайринизомиён ва миқёси харобиҳо дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия, мо нигаронии ҷиддӣ дорем, ки ин ҳамлаҳои номуносиб буда, метавонанд ҷиноятҳои ҷангӣ бошанд”.

Зикр бояд кард, ки бо вуҷуди даъватҳои афзояндаи байнулмилалӣ барои таваққуфи башардӯстона дар амалиёти ҷангӣ, вазъ дар Навори Ғазза ваҳим мешавад.

Ба иттилои расонаҳо, айни ҳол аҳолии осоиштаи Навори Ғазза аз хӯрока, сузишворӣ, оби нушокӣ ва дору маҳрум мондаанд.

Айни ҳол захмиёни минтақа ба беморхонаи наздиктарин Миср интиқол дода меашвад. Ин ҳам дар ду рузи охир имконпазир гардид.

Кормандони беморхонаҳо гуфтаанд, ки имкони нигоҳ доштани мурдаҳоро надоранд, чун сардхонаҳо ба далели набудани барқ, кор намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз рӯзи 7-уми октябр ба ин сӯ беш аз 8796 фаластинӣ, аз ҷумла 3648 кӯдак бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.

Исроил аз кушта шудани 1400 нафар бар асари ҳамлаҳои Ҳамос хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.