“Гузаргоҳи “Кулма-Каросу” бозсозӣ мешавад”. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ма Синжуй

Имрӯз, 2-юми ноябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй мулоқот намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон […]

Имрӯз, 2-юми ноябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй мулоқот намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ зикр карданд”, – омадаст дар хабар.

Ҳамзамон, имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Манбаъ меафзояд, дар ин зимн ҷонибҳо ба аҳамияти бозсозии гузаргоҳи “Кулма-Каросу” барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни ду кишвар ишора карданд.

Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур дар ин самтҳо иброз доштааст.

Зимнан, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи “Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур” ва Форуми соҳибкорони ду ҷонибро дар шаҳри Душанбе ба манфиати кор донистанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ, ҳамчун василаи муҳимми мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ба баррасӣ гирифта шудаанд.

Ду ҷониб оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.