Борону барф меборад. Вазъи боду ҳавои кишвар барои ду рӯзи баъдӣ эълон шуд

Ду рӯзи баъдӣ, 22 – 23-юми ноябри соли ҷорӣ, ҳаво дар кишвар тағйир ёфта, боридани борон ва дар баъзе ҷойҳо барф дар назар аст. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки пагоҳ, 22-юми ноябр, ҳаво тағйир ёфта, дар баъзе навоҳии кишвар борон меборад. Шаби 23-юми ноябр дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд […]

Asia-Plus

Ду рӯзи баъдӣ, 22 – 23-юми ноябри соли ҷорӣ, ҳаво дар кишвар тағйир ёфта, боридани борон ва дар баъзе ҷойҳо барф дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки пагоҳ, 22-юми ноябр, ҳаво тағйир ёфта, дар баъзе навоҳии кишвар борон меборад. Шаби 23-юми ноябр дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат дар назар аст.

23-юми ноябр дар аксари манотиқи кишвар борон борида, дар баъзе ҷойҳо ба барф табдил меёбад.

“Рӯзҳои 22 – 23-юми ноябр бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар то 10 – 12 дараҷа паст мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.