Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026: Тоҷикистон Покистонро бо ҳисоби калони 6 – 1 мағлуб кард

Тими миллии футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Покистонро дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо ҳисоби бузурги 6 – 1 мағлуб карда, соҳиби се хол ва муваққатан, то анҷоми бозии дигари гуруҳ, садрнишини гуруҳи “G” шуд. Бозӣ имрӯз, 21-уми ноябр, дар варзишгоҳи “Ҷадда”-и Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шуд. Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Амадонӣ […]

Asia-Plus

Тими миллии футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Покистонро дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо ҳисоби бузурги 6 – 1 мағлуб карда, соҳиби се хол ва муваққатан, то анҷоми бозии дигари гуруҳ, садрнишини гуруҳи “G” шуд.

Бозӣ имрӯз, 21-уми ноябр, дар варзишгоҳи “Ҷадда”-и Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шуд.

Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов дар дақиқаҳои 9 ва 65, Рустам Соиров дар дақиқаи 14, Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 26, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 45 ва Шаҳром Самиев дар дақиқаи 90+1 ба самар расониданд.

Ягона голи тими миллии Покистонро Рахис Набӣ дар дақиқаи 21 ба самар расонид.

Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон бо касби 4 хол садрнишини гуруҳи “G” шуд. Аммо дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун, ки низ ба ин гуруҳ шомиланд, бозии худро баргузор накардаанд.

Ин бозӣ шоми имрӯз дар Урдун баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бозии нахустини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гуруҳи “G” дар Душанбе муқобили дастаи Урдун баргузор ва бо ҳисоби 1-1 мусовӣ кард.

Арабистони Саудӣ ва Покистон дар Ар-Риёз бозӣ карданд. Арабистони Саудӣ дар ин бозӣ бо ҳисоби калони 4-0 ғалаба кард.

Айни ҳол Тоҷикистон 4 хол, Арабистони Саудӣ 3 хол (як бозӣ кам баргузор кардааст), Урдун 1 хол (як бозӣ кам баргузор кардааст) доранд. Покистон ҳар ду бозии худро бохт ва бидуни хол дар гуруҳ мақоми охирро ишғол мекунад.

Бозии навбатии Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ 21-уми марти соли оянда баргузор мешавад.

Урбун бошад 26-уми марти соли 2024 тими Покистонро қабул мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.