Яке аз роҳбарони Ҳамос гуфт, ки созиши оташбас бо Исроил наздик аст

Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” бо нашри як баёнияе гуфт, ки бастани созиши оташбаси муваққат бо Исроил наздик аст. Ҷониби Исроил то ҳол оид ба оташбас шарҳи расмӣ ироа накардааст. Хабаргузории Франс-пресс бо истинод ба манобеи худ навиштааст, ки “созиши оташбас наздик аст”. Ин расона менависад, ки созиш метавонад панҷрӯза бошад ва тибқи […]

Asia-Plus

Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” бо нашри як баёнияе гуфт, ки бастани созиши оташбаси муваққат бо Исроил наздик аст. Ҷониби Исроил то ҳол оид ба оташбас шарҳи расмӣ ироа накардааст.

Хабаргузории Франс-пресс бо истинод ба манобеи худ навиштааст, ки “созиши оташбас наздик аст”.

Ин расона менависад, ки созиш метавонад панҷрӯза бошад ва тибқи он амалиёти заминӣ қатъ ва амалиёти ҳавоии Исроил дар ҷануби Навори Ғаззаро маҳдуд шавад.

Бар ивази ин созиш, аз 50 то 100 нафари ғайринизомие, ки аз сӯйи гурӯҳи Ҳамос ва “Ҷиҳоди исломӣ” асир шудаанд, раҳо хоҳанд шуд. Исроил бошад ҳудуди 300 кӯдаки фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо хоҳад кард.

BBC менависад, ки тибқи созиш, гаравгонҳо марҳила ба марҳила озод карда мешаванд.

Дар бораи созиши оташбас Исроил то ҳол изҳори назар накардааст, аммо пештар раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфта буд, ки қарор аст дар ояндаи наздик дар мавриди раҳоии гаравгонҳо тавофуқ ҳосил шавад.

Мирҷана Сполярич, раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх рӯзи душанбе дар Қатар бо Исмоил Ҳания ва ҳамчунин, бо намояндагони мақомоти Қатар мулоқотҳои ҷудогона анҷом дод.

Қатар ба ҳайси миёнарав дар музокирот ширкат мекунад. Дафтари ҷиноҳи сиёсии гуруҳи Ҳамос дар ин кишвар воқеъ аст ва Исмоил Ҳания дар Давҳа зиндагӣ мекунад.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр оғоз ёфт. Дар ҳамлаи "Ҳамос" 1200 исроилӣ кушта шуда, ҳудуди 220 ба гарав афтоданд ва ба Ғазза бурда шуданд. Дар 46 рӯзи ҷанг беш аз 13300 фаластинӣ ҷон бохтанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.