Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард

Дар сомонаи созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) сабте нашр шуд, ки дар он зодаи 37-солаи Тоҷикистон Маликмаҳмад Қувватов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 208-и Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла “иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ; гузаштан аз давраҳои омодагӣ бо мақсади фаъолияти террористӣ; то ба ҷиноят содир кардан оварда расонидани […]

Asia-Plus

Дар сомонаи созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) сабте нашр шуд, ки дар он зодаи 37-солаи Тоҷикистон Маликмаҳмад Қувватов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 208-и Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла “иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ; гузаштан аз давраҳои омодагӣ бо мақсади фаъолияти террористӣ; то ба ҷиноят содир кардан оварда расонидани шахс айбдор карда мешавад, хабар медиҳад Centralasian.org.

Маълумот дар бораи Қувватов аввали моҳи ноябри ҳамин сол нашр шуда буд. Дар яке аз аксҳое, ки дар сомонаи расмии Интерпол нашр шуда буд, зодаи Тоҷикистон бо автомат дар дасташ тасвир ёфтааст.

Моҳи апрели соли равон Маликмаҳмад Қувватов ба рӯйхати навшудаи гумонбарон ба терроризм дар Русия шомил шудааст. Маълумот дар бораи ба Интерпол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ворид шудани дархост мавҷуд нест.

Дар ҳамин ҳол, ному насаби Маликмаҳмад Қувватов дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи шахсони марбут ба терроризм таҳти рақами 819 зикр шудааст.

Дар феҳристе, ки шахсон бо “огоҳиномаҳои сурх” – Red Notices ҷустуҷӯ мешаванд, 41 шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудаанд, ки бо дархости Душанбе ё Маскав дар саросари дунё мавриди пайгард қарор доранд. Онҳо асосан дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм, хариду фурӯши маводи нашъаовар ё куштор гумонбар дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио