“Ин дунё ба ман вафодорӣ накард”. Ҷасади духтаре, ки дар назди дарёи Кофарниҳон “селфи” кард, пайдо гардид

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин ҷавондухтар сокини 16-солаи ноҳияи Файзобод Исмонзода Нозия Бурҳон будааст. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дода, ҷасади духтарак рӯзи 11-уми декабр аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо шудааст. Айни ҳол, ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, сабабҳои […]

Asia-Plus

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин ҷавондухтар сокини 16-солаи ноҳияи Файзобод Исмонзода Нозия Бурҳон будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дода, ҷасади духтарак рӯзи 11-уми декабр аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо шудааст. Айни ҳол, ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, сабабҳои худро ба об партофтани духтарак дақиқ карда мешавад.

Бояд гуфт, чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурати ҷавондухтаре паҳн гардида буд ва аз корбарон хоҳиш мешуд, ки барои пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд.

Дар паёми нашргардида зикр мешуд, ки духтар баъди сабти навори кӯтоҳ дар назди дарёи Кофарниҳон бедарак шудааст. Дар навор духтар гуфтааст, ки “ин дунёи бад ба ман вафодорӣ накард”. Эҳтимол баъди сабт ва нашри навори кӯтоҳ ӯ худро ба дарё партофтааст.

Ҷустуҷӯи мақомоти дахлдор ва сокинони маҳаллӣ давоми панҷ рӯз бенатиҷа анҷомид ва танҳо дирӯз, 11-уми декабр, ҷасади духтарак дар минтақаи Ваҳдат рӯи об баромада, сокинои маҳаллӣ ӯро пайдо кардаанд.

Бояд гуфт, ки худро ба дарё андохтан ё ба худкушӣ даст задани духтарон ва занон дар кишвар солҳои охир афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни нишасти хабарӣ, аввали моҳи август баён дошт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 228 мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (218 ҳолат) 10 маврид бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.